Ссылки доступа

Дар Туркманистон маҳдудиятҳои вобаста ба COVID-19-ро бекор мекунанд


Дар Туркманистон маҳдудиятҳое бекор мешаванд, ки мақомоти он кишвар дар пайи вабои сартосарии коронавирус ҷорӣ карда буданд.

Баъди як соли қатъи гардиши дохилии қатораву автобусҳо равуои ин навъи нақлиёт дубора иҷозат дода мешавад ва меҳмонхонаҳо дубора дарҳояшонро боз мекунанд. Ҳукумати он кишвар ҳамон тавр, ки мавҷудияти COVID-19-ро дар Туркманистон эътироф накард, ҷорӣ кардани маҳдудиятҳову бекор кардани онҳоро низ шарҳ надод.

Дар ҳамин ҳол, ба навиштаи расонаҳо, сатҳи баланди гирифторӣ ба бемории шабеҳ ба COVID-19 дар Туркманистон мушоҳида мешавад.

Маҳдудиятҳои вобаста ба коронавирус дар Туркманистон шуруъ аз 1 апрел марҳила ба марҳила бардошта мешаванд, хабар доданд расонаҳо.

XS
SM
MD
LG