Ссылки доступа

"Дар Тошканд бекорхӯҷаҳо боқӣ намемонанд". Шаҳрдорӣ ба ҷавонон ҷои кор ваъда дод


Ҷаҳонгир Ортиқхоҷаев, шаҳрдори Тошканди Узбекистон ваъда дод, ки то моҳи сентябри соли ҷорӣ бекориро миёни ҷавонон барҳам хоҳад зад.

Вай дар мулоқоти рӯзи 31 март гуфт, тасмим дорад, бо кӯмаки бахши хусусӣ ба ин ҳадаф бирасад. "Дар Тошканд 87 ҳазор ширкат мавҷуд аст. Ин ширкатҳои устувор ҳастанд, мо ба ҳар кадоми онҳо 1-нафарӣ мефиристем, ба ин тартиб, 87 ҳазор кас соҳиби ҷойи кор мешавад", - гуфт Ортиқхоҷаев.

Ба гуфтаи раиси шаҳр, дар Тошканд 23 ҳазор ҷавон бе ҷои кор ҳастанд. "Дар ибтидои сол теъдодашон ба 27 ҳазор мерасид, вале то моҳи сентябр як нафар ҳам боқӣ нахоҳад монд", - илова кард Ортиқхоҷаев.

Кумитаи омори Узбекистон хабар медиҳад, ки 7,8 дарсади сокинони Тошканд ҷойи кори доимӣ надоранд. Эҳтимол меравад, омори ғайрирасмӣ дар бораи бекорӣ бамаротиб бештар аз омори расмӣ аст. Шаҳри Тошканд бештар аз 3 миллион сокин дорад ва ҳокими шаҳр танҳо бекории ҷавонони аз 18 то 30-соларо ба эътибор гирифтааст.

XS
SM
MD
LG