Ссылки доступа

Мақомоти Узбекистон 4 терактро дар соли 2020 пешгирӣ кардаанд


Хадамоти амнияти давлатии Узбекистон (ХАД) хабар дод, ки дар соли 2020 аз чаҳор теракт пешгирӣ кардааст.

Ба итттилои ин ниҳод, ду теракт мебоист дар Узбекистон ва ду теракти дигар дар кишварҳои узви Иттиҳоди давлатҳои мустақил (ИДМ) сурат гирад.

ХАД Узбекистон ҳамчунин гуфтааст, дар соли гузашта аз фаъолияти 67 гуруҳҳои тундгарову террористӣ пешгирӣ шудааст. Ба ҷуз ин, 98 шаҳрванди Узбекистон, ки ба фаъолиятҳои тундгароиву террористӣ айбдор мешуданд, аз хориҷ баргардонида ва ба ҷавобгарӣ ҷалб шудаанд.

Мақомоти махсуси Узбекистон пештар хабар дода буданд, ки дар солҳои 2018-2019 бо кӯмаки мақомоти амниятии хориҷӣ аз 9 теракт пешгирӣ кардаанд.

5 апрел дар Узбекистон Рӯзи таъсисёбии ХАД таҷлил мешавад. Дар ҳамин рӯзи соли 2018 президенти он кишвар Шавкат Мирзиёев қонун "Дар бораи Хадамоти амнияти давлатии Ҷумҳурии Узбекистон"-ро имзо кард.

XS
SM
MD
LG