Ссылки доступа

Созиши Беларус бо Тоҷикистону Афғонистон. Рушди ҳамкорӣ ё фирор аз таъсири таҳримҳо?


Нишасти намояндагони Тоҷикистону Беларус ва Афғонистон

Cоҳибкорони Тоҷикистону Беларус ва Афғонистон роҳҳои густариши ҳамкориҳоро баррасӣ ва ба маблағи беш аз 11 миллион доллар созишнома имзо карданд. Мулоқоти онҳо рӯзи 6-уми апрел дар Душанбе сурат гирифт.

Мулоқоти онҳо рӯзи 6-уми апрел дар Душанбе сурат гирифт. Коршиносон талоши Беларусро "истифода аз Тоҷикистон барои ёфтани бозор дар Афғонистон" ва гурез аз таъсири таҳримҳои Ғарб ба зидди Минск номиданд.

Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва амволи давлатии Тоҷикистон гуфт, бори севум аст, ки Душанбе мизбони чунин гирдиҳамоии соҳибкорони се кишвар мешавад. Ба қавли Саъдӣ Қодирзода, баъд аз паҳншавии бемории COVID-19 иқтисоди ҷаҳон бе сармоягузорӣ ва кумаки кишварҳои гуногун эҳё нахоҳад шуд.

Ӯ афзуд: “Додугирифти Тоҷикистону Беларус дар соли гузашта ба 54 миллион доллар баробар шуд ва он нисбат ба як соле пеш тақрибан ду баробар бештар аст. Додугирифти Тоҷикистон бо Афғонистон дар соли гузашта ба 70 миллион доллар расид. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки ҳанӯз дар ҳамкориҳои дуҷонибаву сеҷониба зарфиятҳо зиёд аст ва ҳадафи ин нишаст ҳам пайдо кардани роҳҳои афзоиши он аст."

Мақомоти Тоҷикистону Беларус дар суханрониҳои худ фаъолияти корхонаи муштараки тракторсозиро дар шаҳри Ҳисор намунае барои тақвияти ҳамкориҳо донистанд.​

Юсуф Акрамзода, раиси Корхонаи давлатии “Тоҷикагролизинг”, ба Радиои Озодӣ гуфт, корхонаи “Агротехсервис” тавонист, дар ду соли фаъолияташ то 70 дарсади қисмҳои баъзе тракторҳову ядакҳои беларусиро дар худи Тоҷикистон истеҳсол кунад.

"Кишоварзони тоҷик ба техникаву мошинолоти сохти Беларус ниёзи бештар доранд. Соли дувум аст, ки корхонаи "Агротехсервис" 15 намуди трактору мошинолоти дигари беларусиро тавлид мекунад. Соли гузашта ин ширкат ба тавлиди комбайнҳои дарави гандум низ оғоз кард", -- шарҳ дод ӯ.

Ҷумъахон Сафоев, муовини раиси корхона, ба Радиои Озодӣ гуфт, соли гузашта кишоварзони Афғонистону Узбекистон 30 трактор ва 34 ядаки тавлиди онҳоро харидаанд.

Дар нишасти рӯзи 6-уми апрел соҳибкорони Беларус ба ҳамтоёни тоҷики худ асосан мошинолот ва маҳсулоти нассоҷиву фанновариҳо пешниҳод мекарданд, соҳибкорони тоҷику афғон ба Беларус меваҳои тару хушк ва пахтаву пашм. Ҳамчунин соҳибкорони ду кишвари ҳамсоя умед доранд, ба фурӯши бештари сангҳои нодиру ороишӣ ба Беларус муваффақ мешаванд.

Дар ҳамин ҳол, суоли матраҳ ин аст, ки чӣ омиле Минскро водор сохтааст, барои тақвияти ҳамкорӣ бо Тоҷикистону Афғонистон иқдом кунад.

Абдумалик Қодиров, таҳлилгари тоҷик, гуфт, “сабаби асосӣ сиёсӣ аст. Мақомоти Беларус дар шароити таҳримҳо ва идомаи эътирозҳо нишон доданӣ ҳастанд, ки фаъолиятҳои иқтисодӣ ҳамчунон идома дорад. Минск маҷбур шудааст, сокинони Беларусро бо ҷойи корӣ таъмин ва барои тавлидоти корхонаҳои худ бозорҳои нав пайдо кунад. Дар акси ҳол, иқтисоди Беларус пурра фалаҷ хоҳад шуд."

оршиноси тоҷик афзуд, истифодаи Беларус аз Тоҷикистон барои густариши ҳамкориҳои иқтисодӣ бо Афғонистон ба фоидаи Душанбе низ ҳаст.

Беларус аз моҳи августи соли гузашта ба ин тараф шоҳиди эътирозҳо ва зери таҳримҳои ғарбӣ аст. Мухолифони Беларус мегӯянд, дар интихоботи соли гузашта, ки мақомот Алескандр Лукашенкоро баранда эълон карданд, тақаллуби густарда сурат гирифтааст ва бояд ӯ аз мансаб канор равад ва интихоботи нав баргузор шавад.

Мақомоти Беларус ба саркӯби норозиён иқдом кардаанд, кишварҳои ғарбӣ ба зидди мансабдорони баландпояи ин кишвар таҳрим ҷорӣ намудаанд.

XS
SM
MD
LG