Ссылки доступа

Президенти Қазоқистон воксинии русии "Спутник" гирифт


Қосимҷомарт Тоқаев, президенти Қазоқистон воксини русии зидди коронавирус "Спутник V" гирифт. Дар ин бора маркази матбуотии президенти Қазоқистон рӯзи 6 апрел хабар дод.

Ин дар ҳолест, ки Тоқаев дар як ҷаласаи ҳукуматаш дар моҳи январи соли ҷорӣ гуфта буд, танҳо бо воксини истеҳсоли Қазоқистон зидди коронавирус худро эм хоҳад кард.

Дар ҳоли ҳозир маълум нест, ки Тоқаев чаро тасмимашро иваз ва бо воксини русӣ худро эм кардааст. Маркази матбуотии президенти Қазоқистон хабар дод, ки вазъи Тоқаеви 67-сола баъди воксинзанӣ "хуб" аст ва воксин "таъсири манфӣ ба бор наовардааст".

Дар Қазоқистон воксинзании умумии сокинон идома дорад. Дар он кишвар дар ҳоли ҳозир воксини маҳаллии "QazCOVID-in" дар марҳилаи ниҳоии озмоиш қарор дорад. Сокинон Қазоқистон бо воксини русии "Спутник V" эм карда мешаванд.

Дар Қазоқистон ҳафтаҳои охир теъдоди гирифторони вабои коронавирус дар ҳоли афзоиш аст.

XS
SM
MD
LG