Мақомоти пулиси Узбекистон гуфтанд, панҷ тан аз сокинон боздошт шуда, нисбаташон чораҷӯӣ хоҳад шуд. Ба иттилои шоҳидон, сокиноне, ки солҳо аз дарёфти гази табиӣ маҳрум буданд, баъди 9 рӯзи бебарқӣ маҷбур шуданд, ки роҳи мошингардро банданд.
Шоми рӯзи роҳбандӣ интиқоли барқ ба манзили сокинон ба роҳ монда шуд. Дар наворҳо дида мешавад, ки зиёда аз 30 сокинон роҳи мошингардро бастаанд.
Мақомоти маҳаллӣ гуфтанд, ки ба далели боришҳои зиёд рӯзи 28 март интиқоли барқ ба маҳаллаи "Сарой"-и ноҳияи Пахтачин қатъ шуд. "Дар натиҷаи боронҳои пай дар пай чанд трансформатор аз кор баромада, дар натиҷа интиқоли барқ қатъ шуд", - гуфт як масъули ноҳияи Пахтачин.