Ссылки доступа

Маҳбаси "Жаслиқ"-и Узбекистон баста нашудааст. Онҷо маҳбусони якумрӣ адои ҷазо мекунанд


Маҳбаси низомаш сахти шаҳраки "Жаслиқ" дар вилояти Қарақалпоқистони Узбекистон, ки бо шиканҷаҳои гӯшношунид ва муносибтаҳои бераҳмонааш маъруф аст, то кунун комилан баста нашудааст.

Расонаҳои Узбекистон муайян карданд, дар ин маҳбас то ҳол афроде адои ҷазо мекунанд, ки ба ҳабсҳои якумрӣ маҳкум шудаанд.

Президенти Узбекистон Шавкат Мирзиёев 2 августи соли 2019 дар бораи бастани маҳбаси "Жаслиқ" қарор қабул карда буд.

Вазорати корҳои дохилии Узбекистон моҳи октябри соли 2019 хабар дода буд, ки ҳамаи маҳбусони "Жаслиқ" ба маҳбасҳои дигар интиқол дода шудаанд.

Баъдтар Додситонии кулли Узбекистон гуфт, дар маҳбаси "Жаслиқ" маҳбусе боқӣ намондааст.

Аммо пайванди яке аз маҳбусони якумрӣ, ки бо ҷурми "Куштори барқасдона" зиндонӣ шудааст, рӯзи 5 апрел ба расонаҳо гуфтааст, ба дидори бародараш ба маҳбаси "Жаслиқ" рафтааст.

Ҳомии ҳуқуқи узбекистонӣ Аъзам Фармонов гуфт, Маҳбаси махсуси низоми умумии "Жаслиқ" баста, танҳо маҳбасе дар канори Жаслиқ фаъолият мекунад, ки барои маҳбусони якумрӣ пешбинӣ шудааст.

Маҳбаси "Жаслиқ" чанд моҳ баъда аз таркиши соли 1998 дар шаҳри Тошканд таъсис шуд.

Комисияи ИМА дар умури озодиҳои мазҳабии ИМА чанд сол пайваста ба мақомоти Узбекистон тавсия медод, ки маҳбаси "Жаслиқ" баста шавад. Гуфта мешуд, дар ин маҳбас асосан касоне нигаҳдорӣ мешаванд, ки бо ангезаҳои динӣ зиндонӣ шудаанд.

Кумитаи СММ зидди шиканҷа ҳанӯз дар соли 2002 аз Тошканд хоста буд, ки "Жаслиқ" баста шавад.

XS
SM
MD
LG