Ссылки доступа

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд рафт ва аз Ворух ҳам дидан мекунад


Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳурии Тоҷикистон, рӯзи 7-уми апрел бо сафари корӣ ба вилояти Суғд рафтааст. Хадамоти матбуоти президент дар иттилоияе гуфт, ӯ "дар тантанаҳои ҷашни Наврӯз" иштирок карда, "бо сокинон суҳбат мекунад"ва "иншооти гуногунро мекушояд".

Қарор аст, сафари Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд то 10-уми апрел идома кунад ва, ба иттилои расмӣ, ба ҷамоати Ворухи Исфара, минтақаи ҳаммарз бо Қирғизистон низ хоҳад рафт.

Сафари оқои Раҳмон ба минтақа дар пайи он сурат мегирад, ки як изҳороти Қамчибек Тошиев, раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон дар бораи Ворух бо вокунишҳо рӯ ба рӯ шуд.

Тошиев, ки ҳамзамон раиси ҳайати Қирғизистон дар музокироти марзӣ аст, рӯзи 26-уми март дар як нишасти хабарӣ гуфт, ба ҳукумати Тоҷикистон пешниҳод кардаанд, қаламрави Ворухро ба онҳо бидиҳанд ва дар иваз 12 ҳазор гектар замини Қирғизистонро аз дигар ҷой бигиранд. Мақомоти расмии Тоҷикистон то ба ҳол ба ин изҳорот расман вокуниш накардаанд.

Аммо баъзе аз мансабдорони собиқу зиёиён ва корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ гуфтанд, муқобили табдили Ворух ба Қирғизистон ҳастанд. Ҷамоати Ворух дар шаҳри Исфара бо вилояти Бодканди Қирғизистон ҳаммарз аст ва дар ин минтақа бисёре аз гӯшаҳои сарҳади ду кишвар аломатгузорӣ нашудааст.

Сокинони ду тараф сари чанд вақт барои тақсими роҳу чарогоҳ ва обу замин ҷанҷол мекунанд ва баъзан моҷаро бо хунрезӣ меанҷомад. Тоҷикистону Қирғизистон беш аз 976 километр марз доранд, вале қисме аз солҳост, ки таъйину аломатгузорӣ нашудааст.

XS
SM
MD
LG