Ссылки доступа

Гузориш: мақомоти Қазоқистон маҳдудсозии ҳуқуқҳо ва мубориза бо дигарандеширо идома медиҳанд


Мақомоти Қазоқистон маҳдудсозии озодӣ ба ҷамъомадҳои осоишта ва озодии баён, мубориза бо дигарандеширо, бо сӯистифода аз маҳдудиятҳои вобаста ба вабои коронавирус, идома додаанд.

Дар ин бора дар гузориши нави созмони байналхалқии ҳомии ҳуқуқи Amnesty International зикр шудааст.

Ин созмон вазъи ҳуқуқи инсонро дар 149 кишвар дар соли 2020 баррасӣ ва рӯзи 7 апрел дар гузорише нашр кардааст. Дар гузориш омадааст, ки чораҷӯиҳои кишварҳо бо баҳонаи пешгирӣ аз вабои коронавирус ҳуқуқи инсонро дар кишварҳои Аврупо ва Осиёи Марказӣ зери хатар гузоштааст.

Бино ба гузориши Amnesty International, дар Қазоқистону Узбекистон қонунҳои маҳдудсозандаи гирдиҳамоиву эътирозҳо маҳз дар ҳамин давра қабул шудааст.

Мақомоти Қазоқистон "мисли пешин ҳуқуқ ба гирдиҳамоиву эътирозҳоро шадидан маҳдуд карданд. Мунтақидони давлатӣ бо ангезаҳои сиёсӣ таъқиби ҷиноӣ шуданд. Шиканҷаву дигар навъи муносибати бераҳмона мисли пешин ба таври густарда истифода шудааст", - омадааст дар гузориши Amnesty International.

XS
SM
MD
LG