Ссылки доступа

Дар Қирғизистон аз 11-солагии Инқилоби апрелӣ ёд мекунанд


Содир Ҷабборов, президенти Қирғизистон дар робита ба 11-солагии Инқилоби апрелӣ дар он кишвар муроҷиате нашр кард.

Дар муроҷиати Ҷабборов омадааст, ки "7 апрели соли 2010 мардуми Қирғизистон тавонист, ширкати фаъоли худ дар равандҳои ҷаҳонӣ ва сарчашмаи воқеии ҳокимият будани худро ба ҷаҳониён нишон диҳад".

"7 апрели соли 2010 қирғизистониҳо барои ҳифзи ҳуқуқҳои сиёсии худ сӯи "Кохи сафед" равон шуданд. Аммо муайян шуд, ки мақомот аз ниёзҳои мардум огоҳ нестанд. Дар ҳаводиси апрелӣ мардуми мо бисёре аз фарзандони фарзонаи худро аз даст дод. Бо гузашти замон ҳанӯз андуҳи қурбониёни он ҳодиса аз қалби мо берун нашудааст, ёди қаҳрамонон ҳамеша бо мо хоҳад буд", - гуфт Ҷабборов.

Вай афзуд, яке аз дарсҳои Инқилоби апрелӣ ин буд, ки "қудрати давлатро на бо роҳи хунрезӣ, балки бо роҳи осоишта ва қонуну интихоботҳои шаффоф бояд тақвият дод".

Рӯзи 7 апрели соли 2010 дар Қирғизистон дувумин инқилоби мардумӣ аз замони касби истиқлоли он кишвар рух дод, ки боиси барканории ҳукумат шуд. Инқилоби аввал дар он кишвар 24 марти соли 2005 сар зада буд.

Дар соли 2010 дар назди "Кохи сафед"-и Қирғизистон дар шаҳри Бишкек 86 одам аз силоҳи оташфишон кушта ва зиёда аз 100 каси дигар маҷруҳ шуд. Дар натиҷаи инқилоб президенти вақти он кишвар Қурмонбек Боқиев ҳамроҳ бо пайвандонаш тарки Қирғизистон кард.

XS
SM
MD
LG