Ссылки доступа

Дар Қазоқистон қонун дар бораи "ба хориҷиҳо нафурӯхтани замин" қабул шуд


Палатаи болоии порлумони Қазоқистон рӯзи чаҳоршанбеи 7 апрел қонунеро қабул кард, ки ба шаҳрвандони хориҷӣ, афроди бе шаҳрвандӣ ва ширкатҳои хориҷӣ фурӯхтан ва ё ба иҷора додани заминҳои кишоварзии ин кишварро манъ мекунад.

Сафархон Умаров, вазири кишоварзии Қазоқистон дар ҳузури вакилон гуфт, шартномаҳои иҷораи заминҳои кишт, ки то ин замон бо хориҷҳо баста шуда буданд, ба маҳзи ба поён расидани муҳлаташон тамдид карда намешаванд.

Ба иттилои вазир, айни замон наздики 100 ҳазор га заминҳои кишоварзии Қазоқистон аз сӯи ширкатҳои хориҷӣ истифода мешаванд. Вазир гуфт, ки муҳлати истифодаи ин заминҳо соли 2025 ба поён мерасад. Баъдан заминҳо ба ихтиёри давлати Қазоқистон баргардонида мешаванд.

Сокинони чанд вилояти Қазоқистон дар соли 2016 зидди ба хориҷҳои додани заминҳои он кишвар эътироз карда буданд.

XS
SM
MD
LG