Ссылки доступа

Дар Узбекистон 15 дарсади кормандони давлатиро ихтисор мекунанд


Бино ба як қарори президенти Узбекистон, дар он кишвар шуруъ аз 1 май теъдоди кормандони давлатӣ 15 дарсад кам карда мешавад.

Замони президентии Ислом Каримов дар Узбекистон 13 вазорат мавҷуд буд. Бо сари қудрат омадани Шавкат Мирзиёев дар соли 2016, теъдоди вазоратҳо ба 24 расид ва шумори кумитаҳои давлатие, ки мақоми вазоратро доранд, ба 10 адад расид. Ҳамзамон дар Узбекистон ҳар кадом ҳокими 7-8 муовин дорад.

Хабари ихтисори кормандони давлатиии Узбекистонро вазорати адлияи он кишвар нашр кард. Ин вазорат матни комили қарори президентро нашр накардааст ва биноан, маълум нест, ки ҳадафи ин ихтисор чист.

XS
SM
MD
LG