Ссылки доступа

ИМА бо ҳампаймононаш таҳрими Олимпиадаи Пекинро баррасӣ мекунад


ИМА тасмим дорад, ҳамроҳ бо ҳампаймононаш эҳтимоли таҳрими Бозиҳои зимистонаи олимпӣ дар Пекинро баррасӣ кунад, ки қарор аст, зимистоин соли 2022 баргузор шаванд.

Дар ин бора Нед Прайс, роҳбари маркази матбуотии Департаменти давлатии ИМА хабар дод.

Ба гуфтаи намояндаи Департаменти давлатӣ, бархурди ҳамоҳангшуда ба масъалаи таҳрим на танҳо дархури манофеи Вашингтон, балки ба манфиати ҳампаймонони ИМА низ ҳаст. Прайс гуфт, баъд аз айбҳои марбут ба поймолсозии ҳуқуқи инсон дар Чин, ин масъала доғ шуд, ки ба Бозиҳои олимпӣ чи гуна бархурд шавад.

Намояндаи расмии вазорати корҳои хориҷии Чин Чжао Литсзян ба ИМА ҳушдор дод, ки варзиш ва Бозиҳои зимистонаи олимпиро сиёсӣ насозад. Пештар аз ин президенти Кумитаи байналхалқии олимпӣ Томас Бах зидди таҳрими бозиҳо изҳори назар карда буд.

Иттиҳоди Аврупо дар 30 соли охир бори аввал нисбати Чин ба далели поймолшавии ҳуқуқи мусалмонҳои Шинҷон таҳрим ҷорӣ кард. Ба ин таҳримҳо Бритониё, ИМА ва Канада ҳамроҳ шуданд.

Дар моҳҳои охир ҳомиёни ҳуқуқ ва фаъолони маданӣ дар Аврупо ба масъалаи поймолшавии ҳуқуқи инсон дар ноҳияи мухтори Шинҷон-Уйғури Чин таваҷҷуҳи бештар ва қатъӣ равона мекунанд. Ба иттилои ҳомиёни ҳуқуқ, дар Шинҷон ақалиятҳои миллӣ, асосан мусалмонон худсарона боздошт, шиканҷа ва мағзшӯӣ мешаванд. Мақомоти Чин дар Шинҷон "лагерҳои бозтарбия" таъсис доданд.

XS
SM
MD
LG