Ссылки доступа

Дар Узбекистон 71 шаҳрванди воксингирифта таъсири манфӣ ҳис кардаанд


Дар Узбекистон то ин замон баъд аз воксинзании сокинон зидди вабои коронавирус 71 ҳолати таъсири манфӣ сабт шудааст.

Дар ин бора Нурмат Отабекова, як масъули мақомоти тандурустии он кишвар иттилоъ дод.

Ба гуфтаи вай, то 6 апрел дар Узбекистон 49 200 сокин воксин гирифтааст. Аз ин теъдод 29 ҳазору 860 кас воксини AstraZeneca, 19 ҳазору 742 кас воксини истеҳсоли муштараки Узбекистону Чин ZF-UZ-VAK2001 гирифтааст.

Афроде, ки таъсири манфӣ ҳис кардаанд, қисме баландшавии ҳарорати бадан, дардҳои гуногун дар бадан, дард дар пайи сӯзандору ва ҳаросу беҳолатӣ доштаанд.

Масъули вазорати тандурустии Узбекистон нагуфт, ки эҳсоси манфӣ аз кадоме аз воксинҳои дар Узбекистон истифодашуда будааст.

XS
SM
MD
LG