Ссылки доступа

Куштори Айзада Канатбекова: додситонии Қирғизистон парванда боз кард


Барои таҳқиқи рафтори кормандони пулис дар доираи парвандаи рабудан ва куштори Айзада Канатбекова додситонии шаҳри Бишкеки Қирғизистон бо моддаи "хунукназарӣ" парванда боз кардааст.

Дар ин бора аз додситонии кулли Қирғизистон хабар доданд.

Таҳқиқи ибтидоии ин парвандаро бахши Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон дар шаҳри Бишкек анҷом медиҳад. Муфаттишон ҳамаи амал ва ё беамалии кормандони пулиси ноҳияи Якуми майи шаҳри Бишкекро хоҳанд омухт, ки ба ҷустуҷӯи Канатбекова машғул буданд.

Дар Қирғизистон Айзада Канатбековаи 27-соларо мурда ёфтанд, ки ӯро барои издивоҷ аз кӯча рабуда буданд.

Пулиси Қирғизистон хабар медиҳад, марде ки Канатбековаро рабуда буд, худкушӣ кардааст.

Духтари 27-соларо рӯзи 5 арпел дар шаҳри Бишкек рабуданд. Се мард ӯро иҷборан дар мошине нишонда, ба самти номаълум бурданд.

Ҷасади Канатбекова бо нишонаҳои марги маҷбурӣ ва ҷасади марди 36-сола бо захмӣ корд дар дохили мошине миёни деҳаҳои Арашан ва Чокморов дар наздикии шаҳри Бишкек пайдо шуд.

Марди чӯпоне, ки ба пулис аз ёфт шудани мошин хабар дод, гуфт, мошини мазкурро рӯзҳои 5-6 апрел дида буд, аммо фикр мекард, он дар лой ғуттида аст. Танҳо рӯзи 7 апрел чӯпон ба мошин наздик шуда, ҷасади марду занро дар он дидааст.

Ба иттилои пешакӣ, мард занро дар рафти ҷанҷол бӯғӣ карда, баъдан худро куштааст.

Дар Қирғизистон то кунун занҳоро бо ҳадафи издивоҷ аз кӯча мерабоянд. Пас гирифтани зан аз хонаи марде, ки ӯро рабудааст, беобрӯӣ ба ҳисоб меравад. Ба ҳамин далел волидон духтарони худро баъд аз рабуда шудан аз манзили марди бегона барнамегардонанд. Барои арусрабоӣ дар Қирғизистон ҷавобгарии ҷиноӣ пешбинӣ шудааст.

XS
SM
MD
LG