Сафари президент Эмомалӣ Раҳмон ба Исфара дар пасманзари изҳороти ҷанҷолбарангези як мақоми баландояи қирғиз дар бораи Ворух, сурат мегирад.
Ба иттилои хабарнигорони Радиои Озодӣ, ки дар Ворух қарор доранд, то ин дам президент Раҳмон дар ифтитоҳи як варзишгоҳ ва маркази фарҳангӣ иштирок намуда, аз намоиши маҳсулоти кишоварзӣ ва ҳунарҳои мардумӣ боздид кардааст. Қарор аст, ки нимаи дувуми рӯз ӯ бо сокинони ҷамоати Ворух мулоқот карда, суханронӣ намояд.
Ҳоло ҳама таваҷҷуҳ ба он нигаронида шудааст, ки оё раиси ҷумҳур дар суханронии худ ба масоили марзӣ ва ҳалли он ишора хоҳад кард ё не.
Сафари президен Раҳмон ба минтақа дар пайи он сурат мегирад, ки як изҳороти Қамчибек Тошиев, раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон дар бораи Ворух бо вокунишҳо рӯ ба рӯ шуд.
Тошиев, ки ҳамзамон раиси ҳайати Қирғизистон дар музокироти марзӣ аст, рӯзи 26-уми март дар як нишасти хабарӣ гуфт, ба ҳукумати Тоҷикистон пешниҳод кардаанд, қаламрави Ворухро ба онҳо бидиҳанд ва дар иваз 12 ҳазор гектар замини Қирғизистонро аз дигар ҷой бигиранд. Мақомоти расмии Тоҷикистон то ба ҳол ба ин изҳорот расман вокуниш накардаанд.
Аммо баъзе аз мансабдорони собиқу зиёиён ва корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ гуфтанд, муқобили табдили Ворух ба Қирғизистон ҳастанд. Ҷамоати Ворух дар шаҳри Исфара бо вилояти Бодканди Қирғизистон ҳаммарз аст ва дар ин минтақа бисёре аз гӯшаҳои сарҳади ду кишвар аломатгузорӣ нашудааст.
Сокинони ду тараф сари чанд вақт барои тақсими роҳу чарогоҳ ва обу замин ҷанҷол мекунанд ва баъзан моҷаро бо хунрезӣ меанҷомад. Тоҷикистону Қирғизистон беш аз 976 километр марз доранд, вале қисме аз солҳост, ки таъйину аломатгузорӣ нашудааст.