Ссылки доступа

Фарида Қобилбек, баъди ҳафтаҳои талаб пушти дари консулгарии Чин дар Қазоқисон ба дидори шавҳараш расид


Фарида Қобилбек, қазоқтабори зодаи Шинҷон, ки наздики ду моҳ пушти дари консулгарии Чин дар шаҳри Алматои Қазоқистон бозгашти шавҳарашро аз Чин талаб дошт, билохира ба талабаш расид.

Имрӯз, 9 апрел шавҳари вай Роҳиҷон Зайнулло аз Чин ба шаҳри Алматои Қазоқистон расид.

Наздики 30 тан Фарида Қобилбекро дар фурудгоҳ ҳамроҳӣ карданд.

"Хушҳолам, ки ба ватанам баргаштам. Наздикони шумо ҳам ба зудӣ хоҳанд омад. Ҳамаи наздикони шуморо раҳо хоҳанд кард", - гуфт Роҳиҷон дар ҳузури истиқболгирандагонаш.

Раҳиҷон ишора кард, ки намехоҳад дар бораи он чи дар Чин аз сараш гузашт, нақл кунад.

"Шавҳари ман соли 2003 шаҳрвандии Қазоқистонро дарёфт, аммо ҳуҷҷатҳоро дар дасташ нагирифта буд. Вай бо ҳуҷҷатҳои чинӣ бо Шинҷон рафт ва он ҷо ҳабс шуд. Соли 2005 мақомоти Чин шавҳари маро бо айби ҷосусӣ 13 сол зиндонӣ карданд. Соли 2018 ба озодӣ баромад, аммо дертар ӯро барои як сол ба урдугоҳи бозтарбияи сиёсӣ бурданд. Ҳоло дар ҳабси хонагӣ аст", - гуфта буд Фарида Қобилбек дар моҳи феврал.

Фарида аз он замон то рӯзҳои охир пайваста пушти дари консулгарии Чин дар шаҳри Алмато раҳоии шавҳарашро талаб дошт.

Роҳиҷон Зайнулло 58 сол дорад. Вай то зиндонӣ шуданаш ба тиҷорати хурд машғул буд.

Чанд тани дигар аз қазоқтабори Чин, ки пайвандонашон дар Шинҷон ё минтақаҳои дигари он кишвар боздошту дармонда шудаанд, ҳамроҳи Фарида бештар аз ду моҳ пушти дари консулгарии Чин гирдиҳамоӣ карданд. Аммо дар ин муддат намояндагони консулгарӣ боре ҳам назди гирдиҳамомадагон ҳозир нашуданд.

Дар Шинҷони Чин наздики ду миллион қазоқтабор истиқомат мекунад. Дар солҳои охир қазоқтаборон ҳамроҳ бо дигар ақалиятҳои мусалмони Шинҷон зери таъқиб ва озор қарор доранд. Ақлиятҳои миллиро бо баҳонаҳои мухталиф, барои мисол, дар сурати пайдо шудани Қуръон дар манзилашон, боздошт ва ба урдугоҳҳои бозтарбия мебаранд.

Мақомоти Чин ин айбҳоро рад мекунанд ва урдугоҳҳоро марказҳои касбомӯзӣ ва бозтарбия унвон мекунанд, ки гӯиё барои пешгирӣ аз терроризму тундгароӣ таъсис шудаанд.

XS
SM
MD
LG