Ссылки доступа

Русия ба вуруди сабзавоту меваи Фарғонаи Узбекистон иҷозат дод


Хадамоти давлатии назорати бойториву фитосанитарии Русия (Росселхознадзор) ба вуруди меваву сабзавоти вилояти Фарғонаи Узбекистон, ба ҷуз аз помидору қаламфур, иҷозат дод.

Дар сомонаи Росселхознадзор омадааст, ки ин ниҳод рӯзи 7 апрел таҳти кафолати ҳукумати Узбекистон ба вуруди сабзавоту меваи вилояти Фарғона иҷозат додааст.

Мақомоти Русия вуруди помидор ва қаламфуреро, ки дар вилояти Фарғона парвариш мешавад, ба далели пайдо шудани вирусҳои зараррасон дар таркиби помидорҳо охири моҳи ноябри соли 2020 манъ карда буданд. 11 декабри соли 2020 Русия вуруди ҳама гуна сабзавоту меваеро манъ кард, ки дар вилояти Фарғонаи Узбекистон парварши мешуд.

XS
SM
MD
LG