Ссылки доступа

Дар Узбекистон шумори камбизоатонро "кам мекунанд"


Аз 2069 хонаводаи камбизоате, ки соли гузашта дар ноҳияи Чинози вилояти Тошканди Узбекистон ба қайд гирифта шуда буд, номи 1684 оиларо аз "Дафтари оҳанин" хат задаанд. Дар рӯйхат танҳо 385 хонаводаи камбизоат боқӣ мондааст.

Дар миёни сокинони Чиноз, ки аз рӯйхат хат зада шуданд, марди 36-солаи маъюб ва падари ду фарзанд Чорӣ Ниёзов низ ҳаст. Ӯ мегӯяд, намефаҳмад, ки чаро номи вайро дар рӯйхати камбизоатон хат задаанд.

"Шаш сол мешавад, ба бемории табобатнашаванда гирифторам. Бемории фишорбаландӣ, қанд ва касалии дигаре дорам, ки наметавонам бигӯям. Ин беморӣ ба ҳамсарам ҳам сироят кардааст. Ман ҳамроҳи ҳамсарам ба гуруҳи дувуми маъюбӣ шомилем", - гуфт Ниёзов.

Ба "Дафтари оҳанин" хонаводаҳои камбизоат, шахсони маъюб, пиронсолони танҳо, шаҳрвандони бекор, онҳое, ки ба иллати карантин бекор мондаанд шомил шуда, ба онҳо хидматрасонии тиббӣ ройгон ва дар гирифтани қарз барои соҳибкорӣ имтиёз дода мешавад.

Президенти Узбекистон Шавкат Мирзиёев моҳи августи соли 2020 гуфта буд, ки дар он кишвар наздики 5 миллион одам дар фақр ба сар мебаранд. Яъне, ҳар панҷумин узбекистонӣ камбизоат аст.

XS
SM
MD
LG