Ссылки доступа

Дар Юнон рӯзноманигор Караивазро, ки аз фасодкориҳо мегуфт, куштанд


Полиция в Афинах на месте убийства журналиста Йоргоса Караиваза. 9 апреля 2021
Полиция в Афинах на месте убийства журналиста Йоргоса Караиваза. 9 апреля 2021

Дар шаҳри Афина рӯзноманигори шабакаи телевизионии "Star" ва саҳифаи Bloko Йоргос Караивазро куштанд. Рӯзноманигор шаби ҷумъа, ҳангоми аз кор ба хона баргаштан мавриди ҳамлаи афроди мусаллаҳ қарор гирифтааст.

Ба иттилои Радиои байналмилалии Фаронса, табибон аз бадани рӯзноманигори 52-сола 10 тир пайдо кардаанд.

Караиваз бештар ҳаводиси олами ҷиноиро бозтоб ва ҳамарӯзона дар барномаи "Star" иштирок мекард. Ӯ ҳамчунин ҳаммуассиси сомонаи Bloko ҳам ҳаст, ки дар ошкоршавии бештари фасодкориҳо саҳм дорад.

Сарвазири Юнон Кириакос Мицотакис дар Твиттер навишт, ки "куштори бераҳмонаи Йоргос Караиваз ҷомеаи Юнонро дар ҳолати шок қарор дод". Дар Иттиҳоди рӯзноманигорони Юнон гуфтанд, ки қотилони Караиваз наметавонанд ҳамкорони ӯро тарсонанд.

Раиси Комиссияи Аврупо Урсула фон дер Ляйен бо изҳори ҳамдардӣ ба наздикони рӯзноманигор гуфт, "озодии матбуот шояд муқаддастарин озодӣ бошад". Вай куштори Караивазро тарсӯёна номида, афзуд, ки рӯзноманигорон бояд имкони фаъолият дар амнро дошта бошанд.

XS
SM
MD
LG