Ссылки доступа

Писари президенти Туркманистон қисме аз ваколатҳои вазири хориҷии он кишварро соҳиб шуд


Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов, президенти Туркманистон писараш Сардор Бердимуҳаммадовро рӯзи 9 апрел ба вазифаҳои нав таъйин кард.

Сардор Бердимуҳаммадов, ки то ин замон се курсии роҳбариро дар ихтиёр дошт, ҳамакнун сохторҳои байниҳукуматии Туркманистон бо Русия ва Туркманистон бо Ҷопонро дар вазорати корҳои хориҷии Туркманистон соҳиб шуд.

Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов гуфт, таъйини Сардор ба мақомҳои нав барои рушди минбаъдаи муносибатҳо бо Русияву Ҷопон таъсири мусбат хоҳад расонд.

Дар моҳи феврали соли ҷорӣ Сардор Бердимуҳаммадови 39-сола ноиб-сарвазири Туркманистон таъйин шуд. Вай ҳамзамон узви Шӯрои амният ва Палатои олии назоратии Туркманистон аст.

Нозирони умури Туркманистон мегӯянд, соҳибшавии мансабҳои баланд аз сӯи Сардор Бердимуҳаммадов гувоҳи он аст, ки президент писарашро ҷойнишини худ хоҳад кард.

XS
SM
MD
LG