Ссылки доступа

"Фармон аз болост". Дар як шаб садҳо лавҳаи таблиғотии Тошкандро барчиданд (видео)


Раиси Эътилофи оҷонсҳои таблиғотии Узбекистон ба расонаҳо хабар дод, ки афроде худро корманди шаҳрдории Тошканд муаррифӣ карда, бидуни пешниҳоди ҳуҷҷате лавҳаҳои таблиғотиро барчидаанд.

Савелий Соколов, раиси оҷонси таблиғотии "Ҳумо Медиа" барчидани бештар аз 300 лавҳаи таблиғотиро дар шаҳри Тошканд "амали ғайриқонунӣ" унвон кард.

"Шаби дирӯз кормандони сухторнишонӣ, ҳолатҳои фавқулода ва ҳукумати шаҳри Тошканд лавҳаҳои таблиғотиро аз кӯчае барчиданд, ки гузаргоҳи президент аст. Ба мо гуфтанд, ки ин "фармон аз болост". Аммо касе сабабашро шарҳ надод", - гуфт Соколов.

В Ташкенте за одну ночь сняли сотни рекламных баннеров
пожалуйста, подождите

No media source currently available

0:00 0:00:08 0:00

Савелия Соколов гуфт, кандани лавҳаҳои таблиғотӣ барои вай миллионҳо сӯм дар рӯз хисорот меорад.

"Сохтани як лавҳаи таблиғотӣ наздики 2900 доллар қимат дорад. Рекламадиҳандагон барои як лавҳа дар моҳ наздики 290 доллар пардохт мекунанд. Бо бисёриҳо мо то охири сол шартнома доштем. Баъди тахриби лавҳаҳо муштариҳо маблағҳояшонро талаб доранд", - гуфт Соколов.

С улиц Ташкента убирают рекламные баннеры
пожалуйста, подождите

No media source currently available

0:00 0:00:31 0:00

XS
SM
MD
LG