Ссылки доступа

Зане дар Намангони Узбекистон хоҳари шавҳарашро ғарқ кард


Дар наҳр ё канале дар вилояти Намангони Узбекистон ҷасади хонандаи гумшударо пайдо карданд. Дар ин бора додситонии он вилоят иттилоъ медиҳад.

Ба иттилои расмӣ, Мамадалиев С.А. рӯзи 5 апрел ба мақомот аз гум шудани духтараш хабар дод.

Додситонӣ баъди таҳқиқи ибтидоӣ бо моддаи "Куштори барқасдона" парванда боз кард.

Рӯзи 6 апрел ҷасади хонандаи мактаб Асатуллоева М.С. аз дохили наҳр пайдо шуд.

Мақомот муайян карданд, ки келини хонавода Қодирҷонова Ф.К., соли таваллудаш 1999, соати 10:30 дақиқаи рӯзи 5 апрел Асатуллоева М.С.-ро аз мактаб гирифта, ба наҳр тела додааст. Қодирҷонова боздошт шуда, тафтишот идома дорад.

XS
SM
MD
LG