Ссылки доступа

Узбекистон ба шаҳрвандонаш, ки дар хориҷ бе пул мондаанд, қарз медиҳад


Ҳукумати Узбекистон бо қабули як қарор додани қарз ба шаҳрвандони ин кишварро дар хориҷ фароҳам овард.

Аз ин ба баъд узбекистониҳое, ки дар кишварҳои хориҷ мушкили молӣ доранд, метавонанд, ба сафоратҳо ва консулгариҳои ин кишвар муроҷиат кардаву қарз дарёфт кунанд. Қарори мазкур аз сӯи Девони вазирони Узбекистон рӯзи 12 апрел тасдиқ шудааст.

Бино ба қарори қабулшуда, намояндагии дипломатии Узбекистон давоми 2 рӯз дархости шаҳрвандро баррасӣ ва ба вай қарз медиҳад.

Шаҳрванди Узбекистон дар хориҷ аз ин кишвар аз намояндагиҳои дипломатӣ барои зисти муваққат, сару либос ва нақлиёт метавонад, қарз дарёфт кунад.

Шаҳрванде, ки қарз гирифтааст, вазифадор мешавад, ки давоми 30 рӯз қарзро баргардонанд.

XS
SM
MD
LG