Ссылки доступа

Президенти Тоҷикистон гуфт, кишоварзон метавонанд, рӯза нагиранд (видео)


Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон сокинони кишварро бо оғози моҳи Рамазон табрик кард. Ӯ як бахши табрикоти худро ба кишоварзон ва онҳое бахшидааст, ки ҳоло дар киштзорҳо кор мекунанд.

Рахмон призвал фермеров воздержаться от поста
пожалуйста, подождите

No media source currently available

0:00 0:03:50 0:00

Раҳбари давлат аз ин қишри ҷомеа даъват намуда, ки тамоми талоши худро бикунанд, то имсол дар кишвар маҳсулоти ғизоӣ фаровон бошад. Ӯ ба онҳо тавсия додааст, ки аз гирифтани рӯза феълан худдорӣ карда, онро "дар вақти мусоиди дигар анҷом диҳанд".

"Дар асоси таъкиди уламои шариат ва фақеҳони дини мубини ислом шахсоне, ки дар шароити душвор кору фаъолият мекунанд, касбашон ба таъмини маводи озуқа вобаста аст ё дар соҳаҳои саноату истеҳсолоти вазнин машғул мебошанд, рӯзадорӣ барои онҳо боиси душвориву машаққат мегардад. Аз ин лиҳоз, хӯрдани рӯза барояшон иҷозат дода шудааст ва онҳо метавонанд дар вақти мусоиди дигар рӯзаи худро анҷом диҳанд", - изҳор доштааст Эмомалӣ Раҳмон.

Моҳи рамазон имсол дар вақти кишт фаро расид. Имрӯзҳо даҳҳо ҳазор сокини кишвар дар заминҳои худ бо зироаткорӣ машғул ҳастанд. Фаровонӣ ва гуногунрангии рафи бозорҳои сабзавоти кишвар низ дар рӯзҳои боқимондаи сол аз кори онҳо вобастагӣ дорад.

Вале аксари сокинон бо вуҷуди то ба 24 дараҷа гарм шудани ҳаво аз гирифтани рӯза даст кашиданӣ нестанд.

Дар ҳамин ҳол руҳониёни баъзе аз кишварҳои дигар тавсияи худдорӣ аз гирифтани рӯза барои кишоварзонро аҷиб медонанд. Зеро ба назари онҳо, танҳо дар ҳолатҳои изтирорӣ иҷозат аст, ки шахс рӯза нагирад. Барои намуна, шахсе, ки бемории ҷиддӣ дорад, метавонад рӯза нагирад.

"Эмомалӣ Раҳмон тақрибан ҳар сол ба кишоварзон чунин тавсия медиҳад ва ҳар сол низ баҳонаеро пеш хоҳад овард. Вазъи риояи озодии дин дар Тоҷикистон ниёз ба беҳтаршавӣ дорад", - мегӯяд раҳбари Идораи мусулмонони бахши осиёии Русия Нафигулло Аширов.

Идораҳои мусулмонони панҷ кишвари Осиёи Марказӣ 13 апрелро нахустин рӯзи моҳи Рамазон дар соли ҷорӣ эълом карданд.

XS
SM
MD
LG