Ссылки доступа

Раиси САҲА бо фаъолони мадании Қазоқистон мулоқот кард


Раиси Созмони амнияту ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА) ва вазири корҳои хориҷии Шветсия Анн Линде 12 апрел дар ҷараёни сафараш ба шаҳри Нурсултони Қазоқистон бо намояндагони ҷомеаи шаҳрвандии ин кишвар масоили марбут ба ҳуқуқи инсон, аз ҷумла озодии матбуотро баррасӣ кард.

Дар ин бора шаби душанбе дар саҳифаи Анн Линде дар Твиттер хабар дода шудааст.

Раҳбари созмони ҳуқуқии "Медиа-сентр" Диана Окремова ба бахши қазоқии Радиои Озодӣ хабар дод, ки мулоқот пӯшида баргузор шуд. "Он бештар дар шакли шиносоӣ барпо шуд: "Мо гуфтем, ки кӣ ҳастем ва бо чи кор машғул мебошем. Яъне, ӯ бо намояндагони ҷомеаи шаҳрвандии Қазоқистон шинос шуд. Мо дар бораи мушкилиҳое гуфтем, ки бо онҳо рӯбарӯ ҳастем ва чи гуна мехоҳем, онҳоро бартараф намоем".

Линде дар Twitter ҳамчунин хабар додааст, ки бо президенти Қазоқистон Қосимҷомарт Тоқаев мулоқот кард. Бино ба иттилои расонаҳои расмии Қазоқистон, Тоқаев дар вохӯрӣ бо Линде гуфтааст, "Нурсултон ба меъёру арзишҳои САҲА пойбанд хоҳад буд. Ҳамкорӣ бо созмони шумо низ яке аз авлавиятҳои сиёсати хориҷии мост. Мо барои ҳамкориҳои зичтар ҳам бо созмони шумо ва ҳам кишварҳои узв омода ҳастем".

Раиси САҲА Анн Линде дар доираи сафари расмӣ ба кишварҳои Осиёи Марказӣ, 12 апрел вориди Қазоқистон шудааст.

XS
SM
MD
LG