Ссылки доступа

Зидди раҳбари сарнагуншудаи Мянмар айби нав эълом шуд


Зидди Аунг Сан Сучи, раҳбари ғайринизомии сарнагуншудаи Мянмар 12 апрел айби нав эълон шуд. Ин шашумин айбе аст, ки алайҳи Аунг Сан Сучи эълом мешавад.

Худи Сучи дар мурофиае, ки айби навбатӣ эълом гашт, онлайнӣ иштирок дошт. Ӯ пештар дархост карда буд, ки иҷозат диҳанд, то бо вакилони дифоаш мулоқот кунад. Вай баъди боздошт шуданаш бо вакилони дифои худ онлайнӣ ва зери назорати қудратиҳо суҳбат карда буд.

"Алайҳи Аунг Сан Сучи бар асоси банди 25-и қонун дар бораи пешгирии офатҳои табиӣ айб эълон карданд", - иқтибос овардааст Хабаргузории France-Presse аз суханони вакили дифоъ Мин Мин Со.

​Раҳбари 75-солаи Мянмар ва барандаи ҷоизаи сулҳи Нобел аз 1-уми феврал ба ин сӯ дар боздошт аст. Ӯро дар нақзи қонуни мухобирот ва меъёрҳои санитарии давраи коронавирус гунаҳгор мекунанд, ки тарафдоронаш онро сохташуда меноманд.

Мақомоти низомии Мянмар инчунин ӯро дар ғайриқонунӣ ба даст овардани 600 ҳазор доллар пул ва ҳаҷми калони тило гунаҳгор мекунанд.

XS
SM
MD
LG