Ссылки доступа

АП: Мирзиёев ба Тоҷикистон сафар мекунад


Президенти Узбекистон бо сафари расмӣ ба Тоҷикистон меояд. Хабаргузории «Азия-Плюс» аз қавли манбааш дар ҳукумати кишвар менависад, ки сафари Шавкат Мирзиёев бо даъвати Эмомаль Раҳмон, аз 10 то 12 -уми июн дар назар гирифта шудааст.

Ба ҳамин тартиб дар давраи раёсатҷумҳурияш ин бори чаҳорум мешавад, ки президенти Узбекистон аз Тоҷикистон дидан мекунад.

Интизор меравад, раҳбарони ду кишвар дурнамои ҳамкориҳои тарафайнро дар ҳама бахшҳо баррасӣ намоянд. Ҳамчунин қарор аст, миёни Душанбе ва Тошканд созишномаҳои нав марбут ба соҳаи нақлиёту энергетика, кишворазӣ ва илму фарҳанг ба имзо бирасад.

XS
SM
MD
LG