Ссылки доступа

Додгоҳи Қирғизистон Омурбек Текебоевро бегуноҳ эълом кард


Додгоҳи ноҳияи Якуми майи шаҳри Бишкек 13 апрел раиси Ҳизби "Ота Макон"-и Қирғизистон Омурбек Текебоев ва ҳамҳизби ӯ - сафири пешини ин кишвар дар Куриёи Ҷанубӣ Дуйшенқул Чотоновро, ки соли 2017 бо гумони гирифтани пора зиндонӣ шуда буданд, бегуноҳ эълом кард.

Пештар хабар дода шуд, ки додситонҳо дар мурофиа аз айби эъломшуда зидди Текебоев даст кашидаанд. Худи Текебоев ин тасмими додситонҳоро ҳодисаи рамзие номидааст, ки ба гуфтаи ӯ, "бозгӯи тағйирот дар низоми додситонии Қирғизистон мебошад".

Додраси парванда Айнура Сатарова гуфтааст, Текебоев ва Чотонов ба далели пайдо нашудани таркиби ҷиноят дар амалҳояшон бегуноҳ эълом карда мешаванд. Ӯ ҳамчунин қарори ба ҳабс гирифтани амволи ду сиёсатмадори қирғизро бекор кардааст.

Раиси Ҳизби "Ота Макон" ва сафири пешини ин кишвар дар Куриёи Ҷанубӣ моҳи феврали соли 2017 боздошт шуданд.

Онҳо дар асоси баёноти шаҳрвандони Русия Алексей Модин ва Леонид Маевский боздошт шуданд, ки гуфтанд, ба ӯ барои кумак дар харидории саҳмияҳои ширкати қирғизии "Мегаком" 1 миллион доллар доданд. Вале худи Текебоев парвандаро сиёсӣ менмид.

Додгоҳи олии Қирғизистон 21 августи соли гузашта парвандаҳои Текебоев ва Чотоновро барои бозбинӣ ба додгоҳи ноҳияи Якуми майи Бишкек фиристод. Додгоҳи Якуми май ҳукми зиндони онҳоро ба ҳабси хонагӣ табдил дода, аз толори додгоҳ озод карда буд.

XS
SM
MD
LG