Ссылки доступа

Ҷо Байден бо Владимир Путин тариқи телефон гуфтугӯ кард


Ҷо Байден ва Владимир Путин (коллаж)

Президенти ИМА Ҷо Байден рӯзи 13 апрел бо президенти Русия Владимир Путин гуфтугӯ кард. Ду президент масоили минтақавиву байналхалқӣ, аз ҷумла муносибатҳои ИМА бо Русияро баррасӣ карданд.

Байден гуфтааст, ки ИМА дар ҳифзи истиқлол ва тамомияти арзии Украина мавқеи устувор дорад. Вай ҳамчунин аз афзоиши ҳузури низомиёни рус дар марз бо Украина изҳори нигаронӣ карда, аз Русия даъват кард, ки шиддатро коҳиш диҳад.

Хабари гуфтугӯи телефонии Путин бо Байднеро сомонаи Кремл низ нашр кард. Дар сомона гуфта шудааст, ки ин гуфтугӯ бо ташаббуси ҷониби Амрико сурат гирифтааст. Ба иттилои Кремл, Байден ба президенти Русия пешниҳод кардааст, ки дар фурсатҳои наздик мулоқот кунанд.

XS
SM
MD
LG