Ссылки доступа

Намояндагони ҳизбҳои норозӣ аз интихоботи маҳаллии Қирғизистон гуруснашинӣ мекунанд


Намояндагони ҳизбҳои норозӣ аз натиҷаҳои интихоботи маҳаллӣ дар Қирғизистон тасмим доранд, имрӯз, 14 апрел гуруснашинӣ эълом кунанд.

Дар ин бора рӯзи 13 апрел раиси Ҳизби коммунистии Қирғизистон Рисбек Тойбеков дар наздик бинои комисияи интихоботӣ хабар дод.

"Шуруъ аз 14 апрел намояндагони ҳизби мо инҷо хайма мезананд, мо гуруснашинӣ эълом мекунем. Иқдом 3 рӯз давом мекунад. Моро ки намехоҳанд шунаванд, маҷбур шудем, ин иқдомро рӯи даст гирем", - гуфт Тойбеков.

Вай ба ҳизбҳои дигар пешниҳод кард, ки ба иқдоми онҳо ҳамроҳ шаванд.

Барои 45 курсии маҷлиси шаҳрии Бишкек дар интихоботи рӯзи 11 апрел 25 ҳизби сиёсӣ мубориза бурд. Ба иттилои пешакӣ, танҳо 6 ҳизби сиёсӣ садди 7 дарсадиро убур ва вориди порлумон шудаанд.

Ҳизбҳои сиёсие, ки ба маҷлисҳои маҳаллӣ роҳ наёфтаанд, талаби бекорсозии натиҷаҳои интихоботро доранд.

XS
SM
MD
LG