Ссылки доступа

Талаби ҳукми тулонии зиндон барои гумонбарони низои қавмӣ дар Қазоқистон


Айбдоркунандаи давлатӣ барои як қатор гумонбарони парвандаи ҷанҷоли қавмӣ дар ноҳияи Кордайи Қазоқистон, ки 11 кушта бар ҷой гузошт, муҳлати тулонии зиндон талаб кард.

Додситон аз додрас хостааст, баъзе аз гумонбарони ҳаводиси мазкурро ба муҳлати аз 18 то 20 сол зиндонӣ ва бархеи дигарро то ду сол шартан аз озодӣ маҳрум кунад, хабар дод вакили дифои яке аз гумонбарон Болат Омаров.

"Ин ҳукмҳо ноодилона ва ғайрикасбӣ ҳастанд. Онҳо болои умеде, ки кишвари мо - Қазоқистон чандинмиллатӣ мешавад, хат мекашанд. Агар додрас дар асоси дархости додситон ҳукм содир кунад, мо ояндае нахоҳем дошт", - навиштааст раиси Анҷумани дунганҳои Қазоқистон Хусей Дауров.

Дар доираи парвандаи низои қавмӣ 51 кас - сокинони чаҳор деҳаи ноҳияи Кордай муттаҳам мешаванд. Ин афрод бо моддаҳои "Бетартибиҳои оммавӣ", "Ғайриқонунӣ ба даст овардан, нигаҳдорӣ ва ба каси дигар додани аслиҳа, муҳимоти ҷангӣ, моддаҳои тарканда", "Тамаъҷӯӣ" ва "Роҳзанӣ" айбдор мешаванд. Дар додгоҳ дар маҷмуъ 60 вакил аз муттаҳамон дифоъ мекунад.

Шаби 8 феврали соли ҷорӣ дар натиҷаи занозанӣ дар деҳаҳои асосан дунганнишини ноҳияи Кордайи Қазоқистон 11 кас кушта, бештар аз 100 кас ҷароҳат бардоштанд. Зиёда аз 20 ҳазор одам, асосан дунганҳо аз маҳалли зисти худ фирор карданд. Бисёре аз онҳо ба Қирғизистон фирор карданд. Ҳукумати Қазоқистон баъдтар хабар дод, ки қисме аз фирориҳо ба манзилҳои худ баргаштаанд.

XS
SM
MD
LG