Ссылки доступа

Сиёсатшиноси қирғиз Марат Казакпаев бо гумони хиёнат ба давлат боздошт шуд


Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон 14 апрел номи яке аз онҳоеро ошкор кард, ки ахиран бо гумони хиёнат ба давлат дастгир шуданд.

Ба иттилои манбаъ, сиёсатшиноси қирғиз Марат Казакпаев бо гумони хиёнат ба давлат боздошт шудааст. Дар бораи шахсияти гумонбари дувум феълан чизе гуфта нашудааст.

Масъулони кумита мегӯянд, ҷузъиёти парванда баъди ба поён расидани тафтишот ба ҷомеа расонида хоҳад шуд.

Дар қонунгузории кунунии Қирғизистон хиёнат ба давлат ҷиноят шумурда шуда, барои он 10 соли зиндон пешбинӣ гаштааст.

XS
SM
MD
LG