Ссылки доступа

Фаъолони қазоқ бо талаби қатъи таъқибҳо ба кӯча баромаданд


Як гуруҳ аз фаъолони мадании Қазоқистон 14 апрел дар шаҳри Нурсултон ба ҷонибдорӣ аз Ербол Есхожин, ки тибқи банди 405-и Кодекси ҷиноӣ ба "ташкили фаъолияти созмони мамнуъ" айбдор мешавад, иқдомеро анҷом доданд.

Таҷаммуъгарон дар даст лавҳаҳои даъват ба озодии Есхожин ва онҳоеро доштанд, ки ба гуфтаашон, бо ангезаҳои сиёсӣ таъқиб мешаванд.

Яке аз фаъолон бо номи Аскар Сембай гуфт, иқдоми онҳо ба ҷонибдорӣ аз таъқибшавандаҳо бар асоси банди 405 рӯзи севум аст, ки дар пойтахти Қазоқистон идома дорад.

"Рӯзи якум ба ҷонибдорӣ аз Алия Жакупова ҷамъ шудем. Дирӯз бо талаби озодии Аскар Кайрибек ва имрӯз барои раҳоии Ербол Есхожин ба кӯча баромадем. Қарор аст, нимаи дувуми рӯз мурофиаи Айнур Мирзоалиева баргузор шавад. Ӯро ҳам ҷонибдорӣ мекунем. Мо талаб дорем, ки таъқиби фаъолон қатъ карда шавад", - афзуд ӯ.

Маъмурони пулис ҳамоишро аз дур назорат карда, ба навор мегирифтанд.

Ин гуна ҳамоиш 12 апрел, рӯзи сафари раиси Созмони амнияту ҳамкорӣ дар Аврупо Анн Линде ба Қазоқистон дар назди бинои намояндагии созмон дар он кишвар баргузор шуда буд. Иштирокдорон аз мақомоти Қазоқистон хостанд, таъқиби шаҳрвандон бо ангезаҳои сиёсӣ қатъ шавад.

XS
SM
MD
LG