Ссылки доступа

Мақомоти Узбекистон таъқиби диндоронро дар Намангон рад карданд


Раёсати корҳои дохилии вилояти Намангони Узбекистон хабар дар бораи таъқиби диндоронро рад кард. Дар шабакаҳои иҷтимоӣ хабаре таҳти унвони "Дар вилояти Намангон таъқиби диндорон идома дорад" мечархад.

Дар аксҳои нашршуда хонандаи сатрпӯше дида мешавад, ки дра назди корманди пулис истодааст.

Мақомоти корҳои дохилии Узбекистон гуфтанд, ин акс бозгукунандаи воқеият нест. Ба иттилои пулис, кормандони мақомот ба духтари сатрпӯш фишор наоварда, танҳо бо ӯ гуфтугӯ кардаанд ва "фаҳмондаанд, ки бо либоси муайяншуда ба мактаб ояд".

Ба иттилои расмӣ, мактаби №10 дар ноҳияи Янгиқурғони Намангон рӯзи 8 апрел ба мақомоти пулис хабар додааст, ки дар рӯзҳои охир то 10 хонанда бо сатр ба мактаб меоянд. Баъди ин хабари раёсати мактаб кормандони пулис бо хонандагони сатрпӯш мулоқот ва аз онҳо хостаанд, ки бо сатр ба мактаб наоянд.

XS
SM
MD
LG