Ссылки доступа

Ним миллион сокини Қазоқистон зидди коронавирус эм шуданд


Дар Қазоқистон то 15 апрел 505,5 ҳазор шаҳрванд ваксинаи зидди коронавирусро дарёфт кардаанд. Танҳо дар давоми якшабонарӯзи ахир 70 ҳазор қазоқистонӣ эм карда шудааст.

Дар шаҳри Алмато 107,2 ҳазор одам ё 5,5 дарсади сокинони он эм шудааст. Дар вилояти Алмато ҳудуди 59 ҳазор ва дар шаҳри Нурсултон 43,5 ҳазор кас ваксинаро дарёфт кардаанд.

Вазорати тандурустии Қазоқистон хабар дода буд, ки гузаронидани оммавии ваксинаи зидди коронавирус аз 1 феврал дар ин кишвар оғоз шуд. Дар марҳалаи аввал онро ба табибон гузаронданд.

Қазоқистон ҷамъан ба маблағи 40 млн доллар ваксинаи русӣ харидорӣ хоҳад кард.

XS
SM
MD
LG