Ссылки доступа

"Медиазона": як тоҷикистониро аз Москва рабуда, ба Душанбе бурданд


Афроди ношиносе Қием Гулови 30-соларо аз манзили иҷорааш дар Москва рабуда, ба Тоҷикистон бурдаанд. Гуловро дар Тоҷикистон дар кумаки молӣ ба террористон гумонбар мекунанд, менависад сомонаи "Медиазона".

Ин сокини Тоҷикистонро 1 апрел рабудаанд. Шоҳидони ҳодиса гуфтанд, Гулов баъди 1 апрел ба кор набаромадааст ва соҳиби манзили иҷораи вай гуфт, афроде, ки ба суроғи Гулов омада буданд, шаҳодатномаи корманди ВКД Русияро нишон доданд. Баъди панҷ рӯзи рабуда шудани Гулов кормандони пулиси шаҳри Душанбе ба падари вай занг зада, хабар доданд, ки писараш дар боздошт аст.

Қиём Гулов соли 2016 ба Москва барои кор рафтааст. Пайванди вай хабар доданд, ки соли 2017 Қиём ҷавонеро дар манзилаш ҷо кардааст, ки мебоист, барои таҳсил ба Арабистони Саудӣ мерафт. Мақомоти Русия он ҷавонро дар роҳ ба сӯи фурудгоҳ боздошт ва ба Тоҷикистон ирсол карданд. Он ҷавони ирсолшударо дар Тоҷикистон дар тундгароӣ ва терроризм айбдор ва дар телефонаш аксҳои Қиёмро ёфтанд. Ба ҳамин ин тартиб, Гулов барои мақомоти Тоҷикистон дар "ҳамкорӣ бо террористон" гумонбар шуд, менависад нашрия.

Гуловро соли 2017 дар Русия боздошт ва ба ҳабс гирифтанд. Қиём Гулов дар маҷмуъ бештар аз ду сол дар ҳабсу дар маркази нигаҳдории шаҳрвандони хориҷӣ нигаҳ дошта шуд.

Вакилони мудофеи Қиём Гулов мегӯянд, мақомоти Тоҷикистон ӯро бо моддаи "Зархаридӣ, омӯзиш, сармоягузории зархаридон" айбдор мекунанд. Ин модда аз 5 то 12 соли зиндонро пешбинӣ мекунад.

Баҳром Ҳамроев, вакили мудофеи Гулов мегӯяд, дар моҳҳои феврал ва марти соли ҷорӣ 200 тоҷикистониеро аз Русия ба Тоҷикистон овардаанд, ки дар терроризм ва экстремизм айбдор мешаванд.

XS
SM
MD
LG