Ссылки доступа

Кумитаи ҳимоят аз рӯзноманигор аз Қирғизистон даъват кард, ҳамла ба рӯзноманигорон таҳқиқ шавад


Созмони байналхалқии "Кумитаи ҳимоят аз рӯзноманигорон" (CPJ) рӯзи 14 апрел бо нашри изҳороте аз мақомоти Қирғизистон даъват кард, ки ҳамлаи рӯзи 11 апрел ба рӯзноманигорон таҳқиқ шавад.

Дар рӯзи 11 апрел, ки дар Қирғизистон интихоботи маҳаллӣ баргузор мешуд, ба як хабарнигор ҳамла шудааст, ки ҷараёни интихоботро инъикос мекард.

"Ба хотири он ки интихоботҳо дар Қирғизистон озоду шаффоф ва қонунӣ эътироф шаванд, рӯзноманигорон бояд имкони инъикоси онҳоро дошта бошанд. Мақомоти Қирғизстон бояд, ҳолатҳои боздошти рӯзноманигоронро таҳқиқ кунанд", - омадааст дар изҳороти созмон, ки дар шаҳри Ню-Йорки ИМА қароргоҳ дорад.

Идораи сомонаи "Клооп" хабар дод, ки дар шаҳри Ӯши Қирғизистон се марди ношинос ба як хабарнигорони сомона ҳамла кардаанд.

XS
SM
MD
LG