Ссылки доступа

Дар Қирғизистон мубталоёни коронавирусро бо гиёҳи маҳаллӣ табобат мекунанд


Вазири тандурустӣ ва рушди иҷтимоии Қирғизистон Олимқодир Бейшеналиев 16 апрел бо баргузории як нишасти хабарӣ дар назди рӯзноманигор навъе аз гиёҳҳои маҳаллӣ бо номи "Бехи иссиқкулӣ" (аконит)-ро истеъмол кард.

Бейшеналиев изҳор дошт, ки президенти кунунии Қирғизистон Содир Ҷабборов ҳанӯз дар моҳи марти соли 2020 бо навиштани номае ба президенти вақти он кишвар Сооронбой Ҷеенбеков гуфтааст, ки "Бехи иссиқкулӣ"-ро мешавад дар табобати бемориҳои гуногун, аз ҷумла коронавирус истифода бурд.

Ба гуфтаи вазир, падари Ҷабборов ба ӯ интихоби моя ва истифодаи гиёҳи мазкурро омӯзонидааст.

"Ӯ ба ман низ муроҷиат кард. Он вақт вазир набудам. Ман онро ба хешовандони худ додам, вазъашон беҳтар шуд. Сипас ман аз Ҷабборов хостам, ки дар табобати мубталоёни коронавирус кумак кунад. Ҳоло бачаҳои мо ин навъи гиёҳро ҷамъоварӣ мекунанд ва ман ҳар рӯз президентро хоҳиш мекардам, ки ҳаҷми мояро муайян кунад. Мо онро ҷӯшонда ба беморон медодем. Касе, ки мубталои навъи сабуки коронавирус аст, баъди истеъмоли гиёҳ зуд шифо меёбад ва мубталоёне, ки вазъашон вазнин аст, бояд чанд рӯз истеъмол кунанд", - афзуд ӯ.

Вазири тандурустии Қирғизистон гуфт, бо ин гиёҳ ҳудуди 300 мубталои коронавируси навро табобат кардааст. "Ягона шахсе, ки ҳаҷми мояи гиёҳро барои истеъмол муайян мекунад, президент аст", - илова кард ӯ.

XS
SM
MD
LG