Ссылки доступа

Дар Туркманистон ба соҳибони сагҳои алабай кумак мекунанд


Дар шаҳри Марии Туркманистон ба соҳибони сагҳои зоти алабай кумаки ғизоӣ расонида мешавад.

Бино ба иттилои бахши туркмании Радиои Озодӣ, ҳар як сокини Марӣ, ки саги алабай дорад, моҳе 7 кило орд дарёфт хоҳад кард. Нархи 1 кило орд дар Туркманистон 1 манат (0,59 доллар) аст.

Мақомоти Марӣ хабари расонидани кумаки ғизоӣ ба соҳибони сагҳои алабайро расман шарҳ намедиҳанд.

Чандин соҳиби сагҳои алабай гуфтанд, мақомот бо ин роҳ мехоҳанд, шумори сагҳои зоти мазкурро дар Туркманистон муайян ва ба қайд гиранд. Зеро сокинон ҳайвонҳоро бидуни қайде парвариш мекунанд.

Аз сӯи дигар, ин иқдоми мақомоти туркман соҳибони сагҳои алабайро нигарон низ кардааст. Онҳо мегӯянд, шояд мақомот бо ин роҳ сагҳои зоти алабайро муайян карда, барои пур кардани парваришгоҳҳо онҳоро аз соҳибонашон маҷбурӣ хоҳанд гирифт.

Дар Туркманистон сагҳои навъи алабай ҳамчун дастоварди миллӣ эътироф шудаанд. Бердимуҳаммадов моҳи сентябри соли гузашта китоберо бахшида ба алабай таълиф кард. 13 сентябри соли 2020 вай шеъреро низ бахшида ба алабай дар ҷаласаи ҳукуматӣ қироат кард.

Дар шаҳри Ишқободи Туркманистон ба саги алабайи туркӣ дар яке аз маконҳои шаҳр тандис гузошта шудааст.

XS
SM
MD
LG