Расонаҳо дар бораи фавт ва гуру чӯби Бердимуҳаммадови калонӣ ҷузъиёти бештар надоданд.
"Ин хабари нохушро мардуми Туркманистон бо андуҳи амиқ қабул карданд", - хабар дод оҷонсии иттилоотии "Асри тилоии Туркманистон"
Маликқулӣ Бердимуҳаммадов 12 августи соли 1932 дар деҳаи Бирлешик-1 ноҳияи Геоктепини Туркманистон таваллуд шудааст. Дар солҳои гуногун дар китобхона, омӯзгори синфҳои ибтидоӣ, омӯзгори забон ва адабиёти туркман, омодагии ҳарбӣ кор кардааст. Баъдтар хизмати ҳарбӣ карда, ба соҳаи низомӣ ва умури дохилии Туркманистон гузаштааст.
Расонаҳои давлатии Туркманистон хабари фавти Бердимуҳаммадови калониро бо нақли қавли Бердимуҳаммадови хурдӣ ҷамъбаст карданд.
"Роҳи омӯзандаи роҳнамои ман бароям омӯзанда буд, тарзи зиндагии вай - бароям идеал, донишгоҳи ҳаётӣ буд", - гуфтааст Қурбонқулӣ Бердимуҳаммадов дар марги падараш.
Дар Туркманистон медале бо номи Маликқулӣ Бердимуҳаммадов таъсис шудааст.