Ссылки доступа

Муборизаи шаҳрдории Нурсултон бо савдоҳои кӯчагӣ (видео)


Мақомоти шаҳри Нурсултон, пойтахти Қазоқистон фурӯшандаҳои сарироҳиро ҳушдор додаанд, ки бозорҳои худҷӯш пурра аз байн бурда мешавад.

Вале фурӯшандаҳо бо ин тасмими мақомоти Нурсултон розӣ нестанд. Онҳо мегӯянд, ягона манбаи даромадашон савдои сарироҳӣ аст ва бинобар ин, ба хотири ҳифзи бозорҳои худҷӯш муроҷиатеро ба унвони президенти Қазоқистон Қосимҷомарт Тоқаев омода доранд.

Власти Нур-Султана борются со стихийной торговлей, продавцы против
пожалуйста, подождите

No media source currently available

0:00 0:03:34 0:00

Дар бозорҳои худҷӯши пойтахти Қазоқистон дар баробари маводи ғизоӣ ҳамчунин китобу либос ва ҳатто техникаҳо низ фурӯхта мешаванд.

"Дирӯз намояндаҳои шаҳрдорӣ омада, пурсиданд, ки чаро мо дар дохили бозор ҷоеро ба иҷора намегирем. Мо пули онро аз куҷо рӯйпуш мекунем?Ҳамаи пули ёфтаамон ба иҷораи манзил сарф мешавад. Зеро мо дар рӯз танҳо 1 ё 2 ҳазор танга даромад дорем", - гуфт тоҷири сарироҳӣ Айгул Мусина.

Ба гуфтаи тоҷирони сарироҳии Нурсултон, ҳаққи иҷораи нуқтаи савдое дар дохили бозорҳо 2 ҳазор танга аст.

Мақомоти Нурсултон тасмими бастани борзорҳои худҷӯшро бозбинӣ карданӣ нестанд, вале мегӯянд, роҳҳалеро дар асоси созиш бо худи тоҷирон пайдо хоҳанд кард.

XS
SM
MD
LG