Ссылки доступа

Дар яке аз мактабҳои Тошканд барои ташхиси ҳамҷинсгароён соқи ҷуробҳои хонандагонро андоза гирифтанд


Дар яке аз мактабҳои шаҳри Тошканди Узбекистон соқи ҷуробҳои хонандагонро андоза гирифта ва ба ин тартиб, ҳамҷинсгаро будан ё набудани хонандагонро ташхис додаанд.

Вазорати маорифи Узбекистон гуфт, ин ҳодисаро тафтиш мекунад.

Вазорат мегӯяд, ҳодисаи мазкур дар мактаби рақами 110, дар ноҳияи Мирободи шаҳри Тошканд рух додааст.

Шаҳноза Соатова, мушовири вазири адлияи Узбекистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ навишт, ки соқи ҷуроби писари ӯро андоза гирифтаанд. Ба гуфтаи мушовири вазири адлия, дастандаркорон ин корро гӯиё ба хотири ташхис ва мубориза бурдан зидди ҳамҷинсгароӣ анҷом додаанд. Масъулон ҳар хонандаеро ки ҷуроби соқкутоҳ доштааст, акс гирифтаанд.

XS
SM
MD
LG