Ссылки доступа

Дар Узбекистон марказҳои COVID-19 дубора боз мешаванд


Дар Узбекистон афзоиши теъдоди гирифторони вабои коронавирус дар ҳафтаҳои охир водор кардааст, ки марказҳои қабули мубталоёни COVID-19 дубора боз шаванд. Ин марказҳо панҷ моҳи пеш баста шуда буданд.

Айни замон бисёре аз донишгоҳҳо донишҷӯёнро ба таҳсили фосилавӣ мефиристанд.

Шуруъ аз 18 апрел дар Узбекистон тартиби карантин низ шадидтар шудааст. Бино бар тартиботи нав, шумори меҳмонон дар туй ва ифторҳо набояд бештар аз 100 кас бошад.

Шумори муштариҳои тарабхона ва қаҳвахонаҳо низ кам карда шудааст.

"Ҳолатҳои мубталоӣ меафзояд. Вазъ аз назорат хориҷ мешавад. Марказҳои COVID-19 дар 14 минтақа дубора ба кор оғоз карданд. Маблағгузории марказҳо шуруъ шудааст", - гуфт як манбаъ аз мақомоти Узбекистон.

То 19 апрели соли ҷорӣ теъдоди гирифторони вабои коронавирус дар Узбекистон ба 86 ҳазору 892 кас расидааст. Айни замон 2037 бемор дар беморхонаҳои Узбекистон аз вабои коронавирус табобат мегиранд.

Рӯзи 18 апрел мақомоти тандурустии Узбекистон гуфтанд, ду мубталои коронавирус дар ин кишвар фавтидааст. Ба ин тартиб, теъдоди умумии фавтидагон дар Узбекистон аз коронавирус ба 638 кас расид.

Манобеи ғайрирасмӣ мегӯянд, шумори воқеии мубталоён ва қурбониёни коронавирус дар Узбекистон ба маротиб бештар аз омори расмӣ аст.

XS
SM
MD
LG