Ссылки доступа

Президенти Украина ба ҳамтои русаш пешниҳоди мулоқот дар Донбассро кард


Владимир Зеленский, президенти Украина ба ҳамтои русаш Владимир Путин пешниҳод кард, ки дар Донбасс мулоқот кунанд. Вай ин пешниҳодашро дар саҳифаи расмиаш дар Ютюб нашр кард.

Даъвати мулоқоти Зеленский дар ҳолест, ки ҳафтаҳои охир вазъ дар шарқи Украина шиддат ёфта ва ду кишвар артишашонро ба наздики марз овардаанд.

Зеленский гуфт, Украина ҷангро намехоҳад, аммо омода аст, аз худ дифоъ кунад. Ба гуфтаи вай, дар наздикии марзи Украина теъдоди зиёди артиш ва техникаи низомии Русия ҷамъоварӣ шудааст, ки Русия онро размоиш унвон мекунад, аммо "тамоми дунё онро ғайрирасмӣ таҳдид меномад".

"Боре президенти Русия гуфта буд: агар ҷанг ногузир аст - бояд аввал шуда зарба зад. Аммо ба фикри ман, имрӯз ҳар кадом роҳбар бояд дарк кунад, ки ҷанг наметавонад ногузир бошад, зеро гап дар бораи ҷанги воқеӣ ва зиндагии миллионҳо одам меравад, на дар бораи ҷанги байни авбошон. Ва ба фарқ аз муштзанӣ, дар ҷанг ҳамаи ҷонибҳо бозанда хоҳанд буд. Ва наметавон бо ҳамла кардан, касеро муҳофизат кард", - гуфт Зеленский.

Ба гуфтаи вай, Украинаву Русия ба оянда дидгоҳҳои мухталиф доранд, аммо кишварҳо имкон доранд, ки талафоти эҳтимолии ҷангиро пешгирӣ кунанд. "Муҳтарам Путин! Ман омодаам қадам бардорам ва пешниҳод мекунам, ки дар Донбасси Украина - он ҷое ҷанг идома дорад - мулоқот кунем", - гуфт Зеленский. Кремл ҳанӯз ба ин пешниҳод вокуниш нишон надодааст.

Ба иттилои Жозеп Боррел, роҳбари бахши сиёсати хориҷии Иттиҳоди Аврупо, Русия дар марз бо Украина то 150 ҳазор низомӣ ҷамъ кардааст.

Русия мегӯяд, низомиён бо ҳадафи размоиш ба марз бо Украина гирдоварӣ шудаанд.

XS
SM
MD
LG