Дар ин бора рӯзи 21 апрел дар ҷаласаи порлумони он кишвар додситони кулли Қирғизистон Курманқул Зулушев иттилоъ дод.
Вакили порлумони он кишвар Бакит Торобоева аз додситон пурсид, ки дар пайи ин парвандаҳо чи қадар маблағ рӯёнида шудааст, аммо намояндаи КДАМ натавонист посухи дақиқ диҳад.
Пештар аз ин КДАМ гуфта буд, ки нисбати чанде аз мақомдорон, вакилони порлумон ва додрасҳо бо моддаи "Сарватандузии ғайриқонунӣ" парванда боз шудааст. Бисёре аз айбдоршавандаҳо бо пардохти зарари ба давлат расонида ҳабси хонагӣ ва ё шартан озод шуданд.