Ссылки доступа

Дар Қирғизистон тарифи нерӯи барқро тағйир доданианд


Вазири энергетика ва саноати Қирғизистон Кубаничбек Турдубоев 22 апрел дар як нишасти хабарӣ шарҳ дод, ки чаро мақомоти ин кишвар мехоҳанд, тарифҳои нерӯи барқро тағйир диҳанд.

Ба гуфтаи вазир, "мақомот дар солҳои истиқлоли Қирғизистон натавонистанд муайян кардани тарифи аз нигоҳи иқтисодӣ мантиқӣ ва муносибро барои нерӯи барқ омӯзанд.

Кубаничбек Турдубоев гуфт, ки мақомоти қирғиз агар имрӯз чора наандешанд, бахши энергетикии ин кишвар то соли 2025 пурра ба ҳам хоҳад зад, ки боиси рукуд дар дигар бахшҳо хоҳад шуд.

Вазири энергетика ва саноати Қирғизистон афзуд, ки тарифҳои нав аз имрӯз сар карда, то моҳи августи соли равон мавриди баррасӣ қарор гирифта, ҳама назару пешниҳодҳо шунида хоҳад шуд.

Президенти Қирғизистон Содир Ҷабборов 20 апрел тафриҳои наверо барои нерӯи барқ пешниҳод кард. Дар тарифҳои нав як киловат нерӯи барқ барои камбизоатҳо 0,74 сом ва барои сокинони доро 1,48 сом пешниҳод шудааст.

Тарифи нерӯи барқ дар Қирғизистон бори охир соли 2014 тағйир ёфта буд.

XS
SM
MD
LG