Ссылки доступа

Дар як кони тило дар Узбекистон се кас зери зангреза монд. Як нафар фавтид


Рӯзи 21 апрел дар кони тилои Қарахутани вилояти Самарқанди Узбекистон се коргар зери сангреза монданд.

Улуғбек Нуралиеви 42-сола дар ҷои ҳодиса фавтид. Ду тани дигарро зинда берун оварданд.

Додситонӣ ин ҳодисаро тафтиш мекунад.

Ҷасади Улуғбек Нуралиевро ба пайвандонаш додаанд ва дар ҳамон рӯзи ҳодиса ӯро дафн карданд. Нуралиев се фарзанд дошт.

Коргарони кон гуфтанд, сабаби зери занг мондани ҳамкорони онҳо риоя накардани қоидаҳои бехатарӣ будааст.

Ширкати куҳиву металлургии Навоӣ, ки кони тилои Қарахотун ба он тааллуқ дорад, дар соли 2020 ҷои аввалро аз рӯи ҳаҷми истихроҷи тило соҳиб шуда буд.

XS
SM
MD
LG