Ссылки доступа

Раиси Кумитаи дин гуфт, "ифтор дар доираи оила гузаронда шавад"


Раиси Кумитаи дин ва танзими анъана мегӯяд, ифтор бояд "дар доираи оила гузаронда шавад." Ифтор яке аз маросими динӣ аст, ки дар моҳи Рамазон анҷом мешавад ва то имрӯз қонуни танзим барои он ҳеч маҳдудияте пешбинӣ накардааст.

Сулаймон Давлатзода, раиси Кумитаи дин рӯзи 21-уми апрел дар порлумон тағйирот ба қонун дар бораи танзими анъанаро муаррифӣ кард. Давлатзода баъди берун шудан аз ҷаласаи порлумон ба хабарнигорон гуфт, " ифтор бояд танҳо дар доираи оила гузаронида шавад.”

“Меҳмондориро ягон кас манъ кардагӣ нест, ҳама гуна ҷамъомад вобаста ба шароит агар ситод теъдоди иштирокдоронро муайян кунад. Ифтор дар доираи оила аст,”-гуфт раиси Кумитаи дин.

Давлатзода аз ин бештар шарҳ надод ва нагуфт, ки чаро маъракаи ифтор бояд танҳо дар доираи оила гузаронда шавад. Ҳамасола бо фарорасии моҳи Рамазон, ки бештари сокинон дар Тоҷикистон рӯза мегиранд, бархе сокинон маросими ифтор баргузор мекунанд. Тарабхона ва ошхонаҳои пойтахт низ барои гузарондани ифтор ба сокинон шароит пешниҳод кардаанд.

Солҳои қабл барои гузарондани маъракаи ифтор ҳеч маҳдудияте ҷорӣ нашуда буд. Танҳо соли гузашта Шӯрои уламои Тоҷикистон ба хотири пандемияи коронавирус ифторро манъ карда буд.

Дар пасманзари манъи додани таом дар бисёре аз маросимҳои динӣ ба монанди «се», «чил», «сол», «душанбегӣ», «ҷумъагӣ», «ҳафт», «бист» ва «шашмоҳагӣ», ифтор аз охирин маросими динӣ аст, ки дар он сокинон ҳақ доранд таом диҳанд. Ҳоло маълум нест, ки муқаррароти "ифтор танҳо дар доираи оила" ба қонуни танзим ворид мешавад ё не.

XS
SM
MD
LG