Ссылки доступа

Дар натиҷаи таркише дар нуқтаи фурӯши сӯзишвории Қашқадарё 1 кас ҷон бохт


Автомобиль NEXIA взорвался на заправке (фото УВД Кашкадарьинской области)
Автомобиль NEXIA взорвался на заправке (фото УВД Кашкадарьинской области)

Субҳи 22 апрел дар як нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ дар деҳаи "Дашт"-и ноҳияи Қашқадарёи Узбекистон балони газе, ки дар мошин насб шуда буд, таркид.

Ба огаҳии пулиси Қашқадарё, дар натиҷаи таркиши балони гази мошини Nexia, ки ба шаҳрванд Э.Б тааллуқ дошт, як нафар ҷон бохта, як тани дигар захмӣ шудааст.

Дар Вазорати ҳолатҳои фавқулодаи Узбекистон гуфтанд, ҳодисаро пулис, идораҳои ҳолатҳои фавқулодаву тандурустӣ ва додситонии вилояти Қашқадарё таҳқиқ мекунанд.

XS
SM
MD
LG